Қосимӣ: Британия муваззаф ба ҳифозат аз маконҳои дипломатӣ ва дипломатҳои эронӣ аст
(last modified Sat, 10 Mar 2018 05:16:21 GMT )
Март 10, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Британия муваззаф ба ҳифозат аз маконҳои дипломатӣ ва дипломатҳои эронӣ аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб дар вокуниш ба ҳамлаи теъдоде аз афроди тафриқаафкан ва мунҳариф ба Сафорати Эрон дар Лондон таъкид кард, давлати Британия муваззаф ба ҳифозат аз маконҳои дипломатӣ ва дипломатҳои эронӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Баҳроми Қосимӣ бо баёни ин ки Эрон дар ҳоли баррасии мавзуъ аз тариқи Сафорати Эрон дар Лондон ва Сафорати Британия дар Теҳрон аст, изҳор дошт, давлати Британия бояд зудтар мутаҷовизон ба ҳарими дипломатии Эронро боздошт ва мавриди пайгард қарор диҳад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон низ эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эронро ба сафири Британия дар Теҳрон расонд.

Қосимӣ ҳамчунин ахбори мунташиршуда аз сӯйи бархе расонаҳои ғарбӣ дар бораи ишғоли Сафорати Эрон дар Лондонро беасос хонд ва такзиб кард.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Британия ҷумъашаб эълом кард, иддае ки худро тарафдорони фирқаи Шерозӣ номиданд, ба Сафорати Эрон дар Лондон ҳамла карданд.

Ҳамиди Баидинажод дар Твиттер навишт, аъзои ин гурӯҳак ба парчами муқаддаси ҷумҳурии исломӣ беэҳтиромӣ карданд.

Ҳамиди Баидинажод хотирнишон кард, аъзои ин гурӯҳак дар ҳангоми ҳамла ба Сафорати Эрон дар Лондон чумоқ ва чоқу (чӯбдастӣ ва корд) ба ҳамроҳ доштанд.

Полиси Лондон то ин лаҳза камтарин вокунише дар мавриди ин рафтори террористӣ нишон надодааст.

Фирқаи Шерозӣ, ки аз онҳо ба унвони “Шиаи англисӣ” ҳам ёд мешавад, таҳти таъсири фарде ба номи Сайид Содиқи Шерозӣ аст.

Ин фирқа ба муқаддасоти аҳли суннат иҳонат ва беэҳтиромӣ мекунад.