Боздошти ҳамлакунандагон ба Сафорати Эрон дар Лондон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб аз боздошти ҳамлакунандагон ба Сафорати Эрон дар Лондон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ бо эъломи ин ки ҳамлакунандагон ба балкони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лондон боздошт шудаанд, аз хатми ин ошӯби намоишӣ хабар дод.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори муҳокима ва муҷозоти омирон ва омилон (дастурдиҳандаву иҷрокунанда)-и ин иқдом шуд.
Иддае, ки худро тарафдорони фирқаи Шерозӣ меномиданд, асри ҷумъа (ба вақти Лондон) ба Сафорати Эрон дар Лондон ҳамла ва ба парчами муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон беэҳтиромӣ карданд.
Ҳамон замон, пас аз пахши ин хабар Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Николас Ҳоптун, сафири Британия дар Теҳрон мунтақил кард ва хостори муҳофизати комили полиси Лондон аз дипломатҳои эронӣ ва бархурди фаврии полис бо ҳуҷумкунандагон шуд.
Аъзои ин гурӯҳак дар ҳангоми ҳамла ба Сафорати Эрон дар Лондон чӯбдастӣ ва корд ба ҳамроҳ доштанд.
Ҳамлакунандагон ба Сафорати Эрон дар Лондон пас аз ҳудуди се соат тавассути полиси ин шаҳр боздошт шуданд.
Фирқаи Шерозӣ, ки аз онҳо ба унвони “Шиаи англисӣ” ҳам ёд мешавад, таҳти таъсири фарде ба номи Сайид Содиқи Шерозӣ аст.
Ин фирқа ба муқаддасоти аҳли суннат беэҳтиромӣ мекунад.