Март 10, 2018 15:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҷанги ҳаштсола ба миллати Эрон таҳмил шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: “Қудратҳои байналмилалӣ ҷанги ҳаштсоларо бо ҳадафи аз байн бурдани инқилоби исломӣ ба миллати Эрон таҳмил карданд, аммо азамат, фидокорӣ, имон, тадбир, шуҷоат ва басирати ҷавонон сабаб шуд, ки ҷанг ба нафъи миллат тамом ва инқилоби исломӣ решадортар ва қавитар аз гузашта шавад”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи шанбе дар дидори ҷамъе аз донишомӯзон ва донишҷӯёни ширкаткунанда дар корвонҳои “Роҳиёни нур”, даврони Дифои муқаддасро "қитъае нуронӣ" ва "барги заррин" аз таърихи Эрон ва инқилоби исломӣ хонданд ва изҳор доштанд: “Иззат, иқтидор, амният, истиқлол, озодӣ ва саломати имрӯзи ҷумҳурии исломӣ ва миллат марҳуни ҳашт соли Дифои муқаддас аст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, даврони Дифои муқаддас як захира аст, ки бояд бар хилофи хости душманон, ки дар садади ба фаромӯшӣ супурдани он ҳастанд, барои пешрафти Эрон ва рушди миллӣ ва омодагии мардум ва ҷавонон дар майдонҳои мухталиф, ҳамвора зинда бимонад ва мавриди таҷлил қарор гирад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки пирӯзии инқилоби исломӣ тахти қудрати қудратмандони Ғарб ва Шарқро бо номи Ислом, ба ларза даровард, хотирнишон карданд: “Бо густариши фарҳанги инқилоби исломӣ дар минтақа ва дар миёни миллатҳои мусалмон, дар ҳамон солҳои ибтидоӣ қудратҳои султагар ба шиддат нигарон шуданд ва дар садад баромаданд то ба ҳар қимате, ки метавонанд, инқилобро аз байн бибаранд. Бинобар ин, Саддомро, ки шахсияти худхоҳ ва золим буд, барои оғози ҷанг ва ҳамла ба Эрон ташвиқ карданд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳимоятҳои густурдаи молӣ ва таслеҳотӣ ва иттилоотии Амрико ва Аврупо, ба вижа Англия, Фаронса ва Олмон ва ҳамчунин Шӯравӣ, аз режими баъси Саддом гуфтанд: "Дар авосити ҷанг Фаронса пешрафтатарин ҳавопаймоҳо ва болгардҳои худ ва Олмон расман ва ошкоро маводи кимиёӣ дар ихтиёри Саддом қарор доданд, ки ҳанӯз пас аз гузашти 30 сол аз поёни ҷанг, бозмондагони зиёде гирифтори осори он ҳастанд ва теъдоди зиёде низ бар асари ҳамон маводи заҳролуд шаҳид шуданд".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд, дар муқобили ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз режими баъси Саддом, Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо чизе, ки дар ихтиёр дошт, миллати бо имон ва раҳбари муқтадире ҳамчун Имом Хумайнӣ (раҳ) буд, ки дар натиҷаи он ҳама талошҳои қудратҳои шайтонии дунё ҳамчун тире ба санг хӯрд ва миллати Эрон дар ҳашт соли Дифои муқаддас бар ҳама қудратҳо пирӯз шуд.

 

 

Барчасп