Март 15, 2018 12:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Ҳинд барои тарвиҷи забони форсӣ

Сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Мумбай (Бомбайи қаблӣ)-и Ҳинд бар ҳамкории ду кишвар барои тарвиҷ ва ҳифзи забони форсӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмади Содиқӣ рӯзи чаҳоршанбе дар семинари “Нақши Амир Хусрави Деҳлавӣ дар тақвияти сатҳи фарҳанги Эрон ва Ҳинд” , ки ба ҳиммати бахши забони форсии Донишгоҳи Бомбай баргузор шуд, гуфт: “Наздик ба ҳашт қарн забони форсӣ қавитарин омили ваҳдат ва якпорчагии мусалмонони шибҳи қораи Ҳинд буд”.

Сарконсули Эрон дар шаҳри Бомбайи Ҳинд афзуд, густараи суннатҳо ва боварҳо дар Ҳинд заминаи мусоиде барои шоирон ва нависандагон, бо ҳадафи баҳрагирӣ аз тавоноиҳои забони форсӣ барои ба зуҳур расонидани гуногунрангии суннатҳо фароҳам месохт.

 Вай гуфт, ҳама шохаҳои забон ва адаби форсӣ дар Ҳинд вуҷуд дошт ва маҷмӯаи осори падидомада ба забони форсӣ дар шибҳи қораи Ҳинд аз оғоз то қарни нуздаҳуми мелодӣ, аз назари теъдод бар маҷмӯаи тавлидоти навишторӣ дар Эрони он рӯз ғалаба дошт.

Сарконсули Эрон дар шаҳри Мумбайи Ҳинд ҳамчунин гуфт, ҳамкориҳои Эрон ва Ҳинд ҳам дар арсаи тарвиҷ ва ҳам ҳифз ва пойдории забони форсӣ бояд аз эҷоди марказҳои омӯзиши забони форсӣ фаротар равад.  

Сарконсули Эрон дар шаҳри Мумбайи Ҳинд изҳор дошт, забон, адаб ва шеъри форсӣ сазовори таваҷҷуҳ ва тарвиҷ аст, зеро аз манзари ишқ ва сулҳ метавонад ба кушудани чашмандозе тоза ба рӯйи ҷаҳони имрӯз роҳкушо бошад.