Март 20, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики наврӯзии раиси маҷлиси Эрон ба ҳамтои тоҷикаш

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон фаро расидани иди бостонии Наврӯзро ба ҳамтои тоҷикистонии худ ва низ ба раисони маҷлисҳои дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алии Лориҷонӣ рӯзи сешанбе дар паёме ба Шукурҷон Зуҳуров, бо баёни ин ки Наврӯз - замони оғози ҳаракати табиат ба сӯйи дигаргунии омехта бо шодобиву тароват ва рушду шукуфоӣ аст, барои миллат ва давлати Тоҷикистон пешрафт ва осоиши рӯзафзун орзу кард.

Лориҷонӣ дар паёмҳое ба раисони маҷлисҳои кишварҳои Афғонистон, Туркия, Покистон, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ироқ низ ибрози умедворӣ кард, ҳамгом бо таҳаввул дар табиат, соли хуршедии пешорӯ лабрез аз пешрафт, ҳамроҳ бо адолат барои ҳамаи миллатҳо бошад.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёмҳои наврӯзии худ ҳамчунин ҳалли чолишҳои кунунӣ ва муқобила бо таҳдидҳо дар минтақаро дар гарави таомули наздики ҳамаи кишварҳои минтақа донист ва таъкид кард, бешак тақвияти раванди гуфтугӯҳои парлумонӣ нақши муҳиме дар кумак ба амният ва суботи минтақа хоҳад дошт.

Иди Наврӯз дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад, аммо дар 9 кишвари Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин номи “Наврӯз” дар тақвими расмӣ таътил ё рӯзи истироҳат аст.  

 Наврӯз дар минтақаҳои курднишини Ироқ, Туркия ва Сурия низ таътил аст.