Март 24, 2018 16:52 Asia/Dushanbe
  • Тими тирандозии маълулони занони Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд

Бонуи тими тирандозии маълулони Эрон дар бахши инфиродӣ ва тими маълулони занони Эрон дар бахши гурӯҳӣ қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии тирандозии маълулон шуданд.

Дар севумин рӯз аз рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии тирандозии маълулони ҷаҳон дар шаҳри Ал-Айни Иморот ва дар финали моддаи тапончаи бодии даҳ метри занон – Сора Ҷавонмардӣ бо сабти рекорди 232,8 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дар бахши муқаддамотии ин мусобиқот се бонуи тими тирандозии Эрон; Сора Ҷавонмардӣ бо сабти рекорди 570, Самироми Ирам бо рекорди 567 ва Хадиҷа Рустамӣ бо рекорди 552 ба тартиб дар ҷойгоҳи аввал, севум ва ҳафтум ба финали ин рақобатҳо роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, тими тапончаи бодии 10 метри занон бо маҷмӯи имтиёзи 1689, қаҳрамони ин мусобиқот шуд.

Маъсума Худобахшӣ ва Заҳро Ғуломзода, ду намояндаи тими Эрон низ имрӯз - шанбе барои нахустин бор дар рақобатҳои туфанги хафифи бодии R9 ширкат мекунанд.

Мусобиқоти тирандозии маълулони ҷаҳон дар ду бахши туфанг ва тапончаи бодӣ ва туфанги хафиф аз 21 –уми март оғоз шудааст ва то 27-уми март дар шаҳри Ал-Айни Иморот идома дорад.