Март 28, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ вориди шаҳри таърихии Марви Туркманистон шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни сафараш ба Туркманистон вориди шаҳри таърихии Марв шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Марв аз осори таърихӣ ва маконҳои динии ин шаҳри бостонӣ боздид хоҳад кард. Зиёрати оромгоҳи саҳобаи Паёмбари Ислом (с) ва қадамгоҳи имоми ҳаштум, боздид аз оромгоҳи Ҳоҷӣ Юсуфи Ҳамадонӣ ва оромгоҳи Султон Санҷар, охирин подшоҳи Салҷуқӣ аз ҷумлаи барномаҳои раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри таърихии Марв аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Туркманистон ва ройзанӣ дар заминаи масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ ва тавсеаи муносиботи иқтисодию фарҳангӣ вориди Ашқобод шуд. Бо ҳузури раисҷумҳурҳои Эрону Туркманистон мақомоти ду кишвар дар Ашқобод 13 санаду ёддошти ҳамкории муштарак имзо карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон асри имрӯз бо даъвати расмии Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон озими Боку мешавад.

 

Барчасп