Март 28, 2018 21:07 Asia/Dushanbe
  • Имзои ҳашт санади ҳамкорӣ байни Эрон ва ҷумҳури Озарбойҷон

Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар дар Боку, ҳашт санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.

Ин санадҳои ҳамкорӣ, ки асри чаҳоршанбе ҳамзамон бо сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии исломии Эрон ба Боку имзо шудааст, пас аз музокироти фишурдаи раисони ҷумҳурии ду кишвар ва дар ҳузури онон, ба имзои мақомоти олирутбаи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон расид.  

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи занон ва хонавода, варзиш ва ҷавонон, фарҳанг, беҳдошт ва дармон, тавсеаи муштараки блокҳои иктишофи нафт дар дарёи Хазар, тақвияти ҳамкориҳои санъатӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории муштарак дар бунёди роҳоҳани Рашт-Осторо, ҳашт санадест, ки ба имзо расидааст.

Рӯҳонӣ сешанбе дар Ишқобод бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дидор ва 13 санади ҳамкорӣ ба имзои мақомҳои эронӣ ва туркаман расид.

 

Барчасп