Март 29, 2018 16:59 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи ҷаҳонии Эрон дар мошинсозӣ

Созмони Байналмилалии Созандагони Васоили Нақлияи Моторӣ Эронро шонздаҳумин мошинсози ҷаҳон муаррифӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алъолам”, Созмони Байналмилалии Созандагони Васоили Нақлияи Моторӣ дар гузорише аз тозатарин раддабандии кишварҳои мошинсози ҷаҳон эълом кард, Эрон дар соли 2017 дар раддаи шонздаҳум ва болотар аз кишварҳое чун Италия, Чехия, Индонезия, Белгия, Шветсия, Португалия, Австралия ва Австрия қарор гирифтааст. Бар асоси ин гузориш, тавлиди мошин дар Эрон дар соли 2017 бо рушди беш аз 18 дарсад нисбат ба соли қабли он ба як миллиону 418 ҳазору 550 мошин расидааст. Эрон дар ин сол ҳамчунин 96 ҳазору 846 мошини тиҷорӣ тавлид кардааст.

Дар ин гузориш Чин бо тавлиди 29 миллиону 15 ҳазор мошин бузургтарин мошинсози ҷаҳон дар соли 2017 муаррифӣ шудааст. Амрико истеҳсоли бо 11 миллиону 189 ҳазор, Япония бо 9 миллиону 692 ҳазор мошин дар рутбаҳои дувуму сеюм қарор гирифтаанд.

Кулли мошинҳои тавлидшудаи ҷаҳон дар соли 2017 беш аз 97 миллион будааст.