Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Масъулон сармашқи мардум дар хариди колои эронӣ бошанд
Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт, Масъулони Эрон бояд дар хариди колои эронӣ сармашқи мардум бошанд.
Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба паёми наврӯзии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва номгузории имсол ба “Ҳимоят аз колои эронӣ” афзуд: Харидор бояд эҳсос кунад ҳангоме, ки ҷинси эрониро мехарад, аз иқтисоди дохилӣ ҳимоят кардааст ва агар колои хориҷиро бихарад, аз иқтисоди хориҷӣ ҳимоят мекунад.
Хатиби ҷумъаи Теҳрон афзуд: Хариди коло бояд аз худи масъулони кишвар шуруъ шавад чаро, ки бинобар ҳадисе аз имом Алӣ (а), мардум ба масъулон бештар шабеҳ ҳастанд то ба падарони худ.
Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба дар пеш будани зодрӯзи амиралмуъминин ҳазрати Алӣ (а), гушае аз фазилатҳои эшонро шарҳ дод.
Муваҳҳидии Кирмонӣ гуфт: Миллати Эрон бо пайравӣ аз роҳи ҳазрати Алӣ (а) дар баробари низоми истикборӣ ва истибдоди дохилӣ истод ва роҳи наҷоти худро пайдо кард.