Рушди ҳамкориҳои гардишгарии Эрону Тоҷикистон
Муовини раисҷумҳур ва раиси Созмони мероси фарҳангӣ - саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, муштаракоти фарҳангӣ байни Эрону Тоҷикистон метавонад тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарии ду кишварро ба дунбол дошта бошад.
Масъуди Султонифар, ки дар дидор бо Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар ҳошияи иҷлоси вазирони гардишгарии Маҷмаи гуфугӯҳои ҳамкории осиёӣ дар Табрез сухан мегуфт, бо ишора ба собиқаи тамаддуни ду кишвар афзуд, Эрону Тоҷикистон дорои муштаракоти фаровони фарҳангӣ - мазҳабӣ ва тамаддуне ҳастанд, ки ин иштирокоти фарҳангӣ метавонад заминаи афзоиши ҳамкориҳои байни ду кишварро беш аз пеш фароҳам кунад. Султонифар гуфт, Эрон кишвари бузургу дорои ҷозибаҳои гардишгарии фаровон, собиқаи тамаддуни 10-ҳазорсола ва як миллион асари фарҳангию таърихӣ аст, бинобар ин зарурат дорад, то кишварҳои мухталифи дунё бо ин тамаддун беш аз пеш ошно шаванд. Муовини раисҷумҳур афзуд: "Дар ин иртибот мардуми Тоҷикистон метавонанд бо ҷозибаҳои Эрон ошно шаванд ва барои ҳамин филмсозону мустанадсозони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро барои сафар ба Эрон ва таҳияи гузориш аз ҷозибаҳои туристӣ даъват мекунем".
Сафири Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба аҳамияти Эрон дар минтақа гуфт, "аз тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, хусусан дар ҳавзаи туризм истиқбол мекунем". Неъматуллоҳ Имомзода афзуд: "Вуруди 5 миллиону 200 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Эрон ва тавсеаи гардишгарии Эрон барои Тоҷикистон низ аҳамият дорад ва умедворем, ин тавсеа ҳамчунон идома дошта бошад".
Иҷлоси вузарои гардишгарӣ (туризм)-и кишварҳои осиёӣ имрӯзу фардо дар Табриз баргузор мешавад.