Апрел 03, 2018 17:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон вориди Маскав шуд

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар нишасти байналмилалии амниятии Русия вориди Маскав, пойтахти ин кишвар шуд.

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон, ки ба даъвати генерал Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Маскав сафар кардааст, рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи Внуково мавриди истиқболи намояндаи олии Вазорати дифои Русия ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав қарор гирифт.

Ҳотамӣ дар нахустин рӯзи сафараш ба Маскав асри имрӯз ибтидо бо вазири дифои Беларусия ва сипас бо вазири дифои Русия дидор ва дар бораи масоили роҳбурдии дифоӣ, низомӣ ва амниятии дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар мекунад. Вазирони дифои Эрону Русия пас дидори дуҷониба дар ҷамъи хабарнигорон натоиҷи музокиротро ташреҳ хоҳанд кард.

Дидору гуфтугӯ бо вазири дифои Қазоқистон охирин барномаи вазири дифои Эрон дар нахустин рӯзи сафар ба Маскав аст.

Вазири дифои Эрон фардо дар ҳафтумин нишасти байналмилалии амниятии Маскав ширкат ва суханронӣ мекунад.

 

Барчасп