Апрел 05, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар ташкили давлати мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар эҷоди давлати мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф ва поёни фаврии муҳосираи борикаи Ғазза, таъкид кард.

  Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи зариф рӯзи панҷшанбе дар иҷлоси вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши ғайрмутааҳидҳо дар Боку, бо ишора ба куштори ахири фаластиниён дар борикаи Ғазза гуфт, имрӯз бояд таҳқиқоти байналмилалӣ барои баррасии корҳои муҷримонаи режими саҳюнистӣ, хости ҳама кишварҳо бошад.

   Зариф гуфт, ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён дар 70 соли ахир ба далели муҷозот нашудан ин режим ва бо ташвиқи Амрико ва бархе аз муттаҳидони минтақаӣ ва фаромиллии он, анҷом шудааст.

   Вай афзуд, ҳимоятҳои Амрико бавижа тасмими ғайриқонунии ахири ин кишвар дар мавриди Қудси шариф, режими апартеиди Исроилро бештар ташвиқ кардааст.

   Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, иқдоми дастаҷамъии Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ зарурат дорад ва Созмони Милали Муттаҳид низ бояд барои маҳкум кардани ин ҷиноятҳо иқдом кунад.

   Иҷлоси миёндавраии вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо бо мавзӯъ "тарвиҷи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ барои расидан ба аҳдофи тавсеаи пойдор" ва бо ҳузури 800 намоянда аз 120 кишвари узв, 17 кишвари нозир ва 10 ниҳоди байналмилалӣ, имрӯз ва фардо ҷумъа дар Боку баргузор мешавад.

 

Барчасп