Апрел 05, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
  • Сабти ҷаҳонии мураққаоти эронии Санкт-Петербург дар ЮНЕСКО

Маросими тақдими лавҳи сабти маҷмуаи хушнависӣ ва миниатюраи эронӣ ба номи “Мураққаоти Санкт-Петербург” дар ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар маросими тақдими лавҳи сабти маҷмӯаи хушнависӣ ва миниатюраи эронӣ ба номи “Мураққаоти Санкт-Петербург”, Андрей Артисов, раиси Кумитаи барномаи ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Русия, гуфт, токунун 13 асар дар ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуда, ки аввалин асари исломӣ - эронӣ, мурақаоти Санкт-Петербург аст.

Дар ин маросим Ризо Маликӣ, ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Русия, Эроншиносон ва мутахассисони осори ҳунарӣ ва нусхаҳои хаттӣ ҳузур доштанд.

Мураққаъ ба маҷмуае пайваст ба ҳам аз қитъаҳои мухталифи ҳунарӣ, шомили анвои осори хушнависӣ ва наққошӣ, гуфта мешавад.

Маҷмуаи “мураққаоти Санкт-Петербург”, маҷмуаи мунҳасир бафард, шомили 94 асари миниатюра аз мактабҳои Муғул ва Исфаҳон ва намунаҳое аз хушнависии эронии марбут ба даврони Сафавия аст.

Аҳамият ин маҷмуа дар он аст, ки комилан дар шакли аввалия ҳифз шуда ва дар ҷаҳон танҳо ду маҷмуаи мушобеҳ вуҷуд дорад, ки аз назари ҳаҷм ва аҳамияти қобили қиёс бо ин маҷмуа аст.

 

Барчасп