Апрел 06, 2018 15:58 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Режими Саудӣ бояд муҳокима шавад

Имоми ҷумъаи Теҳрон муҳокимаи режими Саудиро бо сабаби ҳамдастияш бо душманони Ислом дар рехтани хуни бегуноҳон хостор шуд.

Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва Ғазза дар солҳои гузашта бо ҳимояти молӣ ва ташвиқи Арабистони Саудӣ сурат гирифт, гуфт, режими Саудӣ бояд дар додгоҳи солеҳи исломӣ ба иллати ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ ва нақш доштан дар рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Яман муҳокима шавад. Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ ҳамчунин ба ҷинояти режими саҳюнистӣ ва куштори фаластиниён дар роҳпаймоии “Ҳаққи бозгашт” ишора карда гуфт, мавҷудияту зоти ин режим хунхорӣ аст ва ҷавоби саҳюнистҳо ба ҷуз забони зӯр ва муқовимат чизи дигаре нест.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон Арабистони Саудиро шарикҷурми режими саҳюнистӣ дониста афзуд, ба расмият шинохтани мавҷудияти режими саҳюнистӣ аз сӯйи саудиҳо доғи нанговаре барои Арабистон аст. Оятуллоҳ Хотамӣ изҳороти муфтиҳои Саудиро дар бораи ҳаром эълом кардани тазоҳурот дар ҳимоят аз Ғазза, ки хурсандии саҳюнистҳоро низ дар пай дошт, рафтори зиддиисломӣ ва хиёнат донист.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба музокироти тӯлонӣ ва бенатиҷаи фаластиниён бо режими саҳюнистӣ ишора карда гуфт, ин музокирот ба ҷуз оворагии бештар барои фаластиниён чиз дигаре надошта ва сухан гуфтан аз музокира бо ин режими ишғолгар на фақат хатои роҳбурдӣ, балки хиёнат аст.