Апрел 06, 2018 16:06 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони 83 кишвари ҷаҳон дар мусобиқоти байналмилалии “Қуръон”-и Эрон

35-умин мусобиқаи байналмилалии “Қуръон”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 19 то 26-уми апрел бо ҳузури намояндагони 83 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ҳуҷҷатулислом Алии Муҳаммадӣ, раиси Созмони авқоф ва умури хайрияи Эрон гуфт, дар ин давра аз мусобиқот 300 ширкаткунанда дар риштаҳои қироат, ҳифз ва тафсири Қуръони карим бо ҳам ба рақобат мепардозанд. Ӯ афзуд, аз соли 2017 панҷ давраи мусобиқоти байналмилалии “Қуръон” дар Эрон баргузор мешавад, ки бисёре муътақиданд, ин мусобиқот аз муҳимтарин мусобиқоти қуръонӣ дар сатҳи ҷаҳон аст. Ҳуҷҷатулислом Алии Муҳаммадӣ ҳамчунин гуфт, ҳамзамон бо мусобиқоти “Қуръон”-и мардон дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии бонувони ҷаҳони Ислом дар риштаи ҳифз низ бо риояти ҳама меъёрҳои шаръӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп