Апрел 07, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Муҷаҳазсозии воҳидҳои вижаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон

Фармондеҳи неруи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз таҷҳиз ва баланд бардоштани воҳидҳои вокуниши сареи ин неру, дар соли ҷории 1397(шамсӣ) хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ, фармондеҳи неруи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидори наврӯзӣ бо фармондеҳон, муовинон ва коркунони ин неру, тасреҳ кард, барои иртиқоъ (баланд бардоштан)-и омодагии размӣ, бояд тип(бригада)-ҳои вокуниши сареъро бо таҷҳизоти модерн, таҷҳиз кард.

Ҳайдарӣ дар идома ба шиори сол ва паёми наврӯзии Фармондеҳи муаззами кулли қуво мабнӣ бар"ҳимоият аз колои эронӣ" ишора кард ва гуфт, ончи, ки Раҳбари муаззами инқилоб ва валиамри мусалламини ҷаҳон дар паёми наврӯзӣ фармуданд, як фатво ва таклифи шаръӣ аст ва бояд аз колои эронӣ истифода кард.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ, соли ҷадидро соли «Ҳимоят аз колои эронӣ» номгузорӣ карданд.