Эрон ва Узбакистон ҳамкориҳоро афзоиш медиҳанд
(last modified Tue, 10 Apr 2018 12:04:20 GMT )
Апрел 10, 2018 17:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Узбакистон ҳамкориҳоро афзоиш медиҳанд

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, Эрон ва Узбакистон зарфияти фаровоне барои густариши ҳамкорӣ доранд, ки бояд барои таъмини манофеи ду миллат аз он истифода кард.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар дидори Очилбой Раҳматов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар Теҳрон гуфт: Ду кишвар бояд дар чорчуби Комиссияи муштарак зимни шиносоии фурсатҳои ҳамкорӣ, зерсохтҳо, қавонин ва тафоҳумҳои лозимро барои ба феълият расидани ин зарфиятҳо фароҳам кунанд.  

Вай афзуд: Эрон имконоти васее дар бандари Чобаҳори худ эҷод кардааст, то кишварҳои Осиёи Марказӣ битавонанд ба роҳатӣ аз ин масир ба обҳои озод муттасил шаванд ва колоҳои худро ба ҷаҳон содир кунанд.  

Очилбой Раҳматов низ дар ин дидор ҳадаф аз сафар ба Теҳронро рафъи мавонеи пеши рӯи муносиботи ду кишвар унвон кард ва гуфт: Сиёсати Узбакистон афзоиши муносиботи иқтисодӣ бо Эрон то сақфи як миллиард доллар ва музокира барои тавсеаи ҳамкории транзитӣ, гардишгарӣ ва тиҷорӣ бо ин кишвар аст.