Апрел 13, 2018 18:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон пас аз сафари 6-рӯза вориди Теҳрон шуд

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон пас аз сафари 6-рӯза ба 4 кишвар дар Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ, имрӯз ҷумъа вориди Теҳрон шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин давр аз сафарҳо дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ якшанбе (8 апрел), ибтидо ба Сенегал дар ғарби Африқо сафар кард ва сипас роҳии Бразилия ва Уругвай дар Амрикои Ҷанубӣ шуд.

Зариф ва ҳайати иқтисодии ҳамроҳи вай дар охирин марҳалаи сафари худ рӯзи панҷшанбе ба Намибия дар ҷануби Африқо сафар карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин сафари 6-рӯза илова бар дидор бо ҳамтоёни худ, бо мақомоти олирутбаи сиёсии ин чаҳор кишвар низ дидор ва дар хусуси тавсиаи равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ гуфтугӯ кард.

Дипломатияи иқтисодӣ муҳимтарин ҳадафи сафари Зариф ба ин чаҳор кишвар дар Африқо ва Амрикои ҷанубӣ будааст.