Апрел 14, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳамлаи Амрико ба Сурия ҳимояти ошкор аз терроризм буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷовузи Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурияро, иқдоме барои тақвияти терроризм дар минтақа донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз (шанбе) дар тамоси телефонӣ бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, бо эъломи ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз давлат ва миллати Сурия, афзуд, таҷовузи Амрико ва муттаҳидонаш ба хоки Сурия қатъан ба маънои ҳимоят аз гурӯҳҳои шикастхӯрда аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ҳифзи тамомияти арзии Сурия ва бо баёни инки марзҳои ҷуғрофиёии ин кишвар ба ҳеҷ унвон набояд тағйир кунад, тасреҳ кард, ҳузури ҳар неруи хориҷӣ бидуни иҷозаи давлати Сурия дар ин кишвар, хилофи қавонини байналмилалӣ ва навъе таҷовуз ба хоки Сурия аст.

Раисиҷумҳури Сурия низ таъкид кард, таҷовузи Амрико ва муттаҳидонаш ба он кишвар халале дар иродаи миллат ва давлати Сурия дар тадовуми роҳи муқовимат, барҷой нагузошта аст.

Башор Асад бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳо ва пуштибонии миллат ва давлати Эрон гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш пас аз онки натавонистанд аз роҳҳои сиёсӣ ба аҳдофи худ даст пайдо кунанд, хилофи ҳамаи қавонини байналмилалӣ ба хоки Сурия таҷовуз карданд.

 

Барчасп