Апрел 15, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Бонуи кореяӣ дар ҳарами Имом Ризо (а) ба Ислом мушарраф шуд

Дар солрӯзи мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с), бонуи ҷавони кореяӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) ба дини Ислом мушарраф шуд.

Ким Юнг, ки ба ҳамроҳи хонаводааш ба шаҳри Машҳад сафар карда буд, рӯзи шанбе бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а), мусулмон шуд.

Дар ин маросим коршиносони динӣ дар бораи усули аввалияи эътиқодӣ ва дини Ислом тавзеҳоте ироа дода ва усули динро ба вай фаҳмонданд ва сипас ин бонуи тозамусулмон бо адои шаҳодатайн ба забони арабӣ, ба ҷамъи мусулмонон пайваст.

Пас аз поёни ин маросим як ҷилд Каломуллоҳи Маҷид, китоби “Саргузашти мушаррафшудагон ба Ислом”, “Чӣ гуна намоз бихонем” ва “Муаррифии Имом Ризо (а) ба забони англисӣ, саҷҷода ва чодари намоз ба вай ҳадя шуд.

Дар солҳои охир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, ба вижа аврупоӣ ва амрикоӣ дар Эрон ба дини мубини Ислом гаравидаанд.

Дар соли 2017, 31 нафар дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуданд.