Маҳкумияти ҳамлаи худсарона ба Сурия дар гуфтугӯи телефонии Зариф бо Ҷонсон
Вазири хориҷаи Англия дар тамосе телефонӣ бо вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси мушорикати кишвараш дар ҳамлаи мушакӣ ба Сурия тавзеҳоте ироа кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯи телефонии Борис Ҷонсон, зимни маҳкумияти ҳамлаи худсрона ба Сурия, бори дигар бар мухолифати ҷумҳурии исломии Эрон бо корбурди ҳаргуна силоҳи химиявӣ таъкид кард ва бо ёдоварии собиқаи корбурди силоҳи химиявӣ алайҳи Эрон аз сӯи Саддом (диктатори маъдуми Ироқ) бо ҳимояти Амрико, Англия ва Фаронса, аз бархурди дугонаи ғарб интиқод кард.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин бо интиқод аз иқдоми худсарона, ғайриқонунӣ ва якҷонбаи Амрико, Англия ва Фаронса дар таҷовуз ба Сурия, ба вазири хориҷаи Англия ёдовар шуд, ҳеҷ кишваре худсрона ҳаққи иҷрои муқаррароти танбеҳӣ алайҳи дигар кишварҳоро хориҷ аз мавозини байналмилалӣ надорад.
Амрико ба ҳамроҳи Фаронса ва Англия бомдоди шанбе 100 фарванд мушак ба манотиқи мухталифи Сурия шиллик карданд.