Раиси ҷумҳурии Эрон Рӯзи миллии Қирғизистонро табрик гуфт
Август 31, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи миллии Қирғизистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ибрози умедворӣ кард: "Дар сояи иродаи ҷиддии масъулони ду кишвар, муносиботи дӯстона бар асоси манофеи мутақобили ду миллат беш аз гузашта густариш ёбад".
Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳудуди шаш миллион нафар ҷамъият, аз шимол бо Қазоқистон, аз ҷануб бо Тоҷикистон, аз ғарб бо Узбакистон ва аз шарқ ва ҷанубу шарқ бо Чин ҳамсоя ва ҳаммарз аст.