Апрел 16, 2018 16:28 Asia/Dushanbe
  • Таҷовузи Амрико ба Сурия хилофи мавозин ва конвенсияҳои байналмилалӣ

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон таҷовузи Амрико ва муттаҳидонаш ба Сурияро ҷангафрӯзона ва хилофи ҳама мавозин ва конвенсияҳои байналмилалӣ донист.  

Баҳроми Қосимӣ дар нишасти хабарӣ гуфт: Амрико нишон додааст, ки бо сиёсатҳои тавсеаталабонаи худ, баъзе вақтҳо ба дуруғ дар таъмини матомеи худ ва бо баҳонаи воҳӣ, дар кишварҳои мухталиф иқдоми низомӣ мекунад.  

Қосимӣ бо баёни инки эҳтимол дорад, Амрико ин навъ рафторро такрор кунад, таъкид кард: Имрӯз ҳар ончи, ки дар вазъияти нобаҳанҷори минтақа ва ҷаҳони кунунӣ мушоҳида мешавад, ношӣ аз иштибоҳоти роҳбурдии фоҳиши Амрико дар даҳаҳои гузашта будааст.  

Ба гуфтаи вай, ин амр ҳамвора кумак кардааст, вазъияти минтақа аз як бесуботии ҷиддӣ ва нобасомонӣ ранҷ бубарад.  

Қосимӣ дар бораи эҳтимоли таҳоҷуми бузургтар ба Сурия ҳам гуфт: Ин навъ иқдомот хилофи мавозини байналмилалӣ ва тавсеаталбона аст ва иқдоми ҷадиде аз сӯи Амрико нест.