Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а)
(last modified Sat, 21 Apr 2018 04:17:26 GMT )
Апрел 21, 2018 09:17 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а)

Имрӯз чаҳоруми шаъбони соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 21 апрели 2018, солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) аст.

Чаҳоруми шаъбони соли 26 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Аббос (а) мулаққаб ба Абулфазл, Қамари Банӣ Ҳошим, аламдори Карбало ва Сақо, аз фарзандони ҳазрати имом Алӣ (а), имоми аввали шиаёни ҷаҳон дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд.  

Модари гиромии он ҳазрат Уммал Банин ном дошт, ки пас аз вафоти ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), ифтихори ҳамсарии ҳазрати Алӣ (а)-ро ёфт.  

Ҳазрати Абулфазл (а) ҳамосасози қиёми Ошурост, ки бо исор, ҷонбозӣ ва шаҳодат тавонист ишқ ва иродат ба имоми замони худро ба мансаи зуҳур бирасонад ва ингуна улгуе шоиста аз вафодоре барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад.

Солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи ҷонбоз номгузорӣ шудааст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а), парчамдори ишқ ва исорро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.