Раиси бахши варзиши ЮНЕСКО: Эрон метавонад намоди фаъолиятҳои варзишӣ бошад
(last modified Sun, 22 Apr 2018 13:03:01 GMT )
Апрел 22, 2018 18:03 Asia/Dushanbe
  • Раиси бахши варзиши ЮНЕСКО: Эрон метавонад намоди фаъолиятҳои варзишӣ бошад

Раиси бахши варзиши созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) гуфт: Эрон метавонад намод ва намунаи фаъолиятҳои варзишӣ барои дигар кишварҳо бошад.

Александр Шишлик, раиси бахши варзиши ЮНЕСКО дар дидор бо Масъуди Султонифар, вазири варзиш ва ҷавонони Эрон дар Теҳрон афзуд: Эрон дар заминаи сиёсатҳои варзиши миллӣ рушди қобили таваҷҷуҳе доштааст ва метавонад бо ЮНЕСКО дар ҳавзаи варзиш ҳамкориҳои муштарак дошта бошад.  

Шишлик ба нишасти шанбе бо устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни риштаи тарбияти бадании Эрон ва нақши ҷавонон дар интиқоли мафоҳими фарҳангӣ дар варзиш ишора кард ва афзуд: Аз ҷавонон ва навҷавонон метавон барои интиқоли мероси фарҳангӣ истифода кард.  

Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон, ҳамчунин аз ЮНЕСКО ба унвони муҳимтарин ниҳоди байналмилалии илмӣ ва фарҳангии Созмони милали муттаҳид, ки барои Эрон аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст, ном бурд ва гуфт: Бо дар назар гирифтани масолеҳи миллӣ ва фарҳангии Эрон, иртибот бо ин ниҳоди байналмилалӣ густариш хоҳад ёфт.