Август 31, 2016 17:04 Asia/Dushanbe
  • Монеътарошии Амрико дар равобити бонкҳои Аврупо бо Эрон

Муовини вазири нафти Эрон аз монеътарошии хазонадории Амрико дар равобити бонкҳои Аврупо бо Эрон интиқод кард.

Амирҳусайни Замониниё - муовини вазири нафти Эрон зимни интиқод аз Вазорати хазонадории Амрико бобати ваҳшати банкҳои Аврупо барои азсаргирии равобит бо Эрон гуфт, бо вуҷуди ваъдаи бардоштани таҳримҳо, Амрико бо эронҳросӣ боис мешавад, ки касе бо Эрон мубодила накунад.

Замониниё афзуд, мушкили Эрон дарёфти пул бобати фурӯши коло ё дарёфти амволи масдудшуда дар бонкҳои хориҷӣ нест, балки монеътарошии Амрико дар сармоягузории хориҷӣ ва мубодилоти бонкӣ бо Эрон аст.

Ибҳомоти мавҷуд дар қонунҳои Амрико дар бораи тарзи бархӯрди Вазорати додгустарии ин кишвар бо бонкҳое, ки вориди муомила бо Эрон мешаванд, сабаб шуда ваъдаи бардоштани таҳримҳои зиддиэронӣ амалӣ нашуд.