Рӯҳонӣ: Миллати Эрон муқобили ҳар навъ тавтеаи Амрико меистад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i33142-Рӯҳонӣ_Миллати_Эрон_муқобили_ҳар_навъ_тавтеаи_Амрико_меистад
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, миллати Эрон бо ҳаргуна тавтеаи Амрико бо қудрат бархурд мекунад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Миллати Эрон муқобили ҳар навъ тавтеаи Амрико меистад

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, миллати Эрон бо ҳаргуна тавтеаи Амрико бо қудрат бархурд мекунад.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, дар иҷтимои мардуми Табрези маркази устони Озарбойҷони шарқии Эрон афзуд: Тавтеаи Амрико, саҳюнистҳо ва иртиҷои араб дар минтақа, бар пешрафти ҷумҳурии исломии Эрон таъсире нахоҳад гузошт.  

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳушдор дод: Онҳое, ки дар Кохи Сафед нишастаанд, бидонанд ба тааҳҳуд, тамаддун ва инсонияташон пойбанд бошанд ё набошанд, миллати бузурги Эрон ва давлат ба намояндагӣ аз миллат дар баробари ҳаргуна тавтеа ва нақшаи онҳо бо қотеият истодагӣ мекунад.  

Ҳасани Рӯҳонӣ дар идомаи дуввумин даври сафарҳои устонӣ ва барои ширкат дар маросими ифтитоҳи рӯйдоди байналмилалии “Табрез 2018”, имрӯз вориди Табрез шуд.