Апрел 25, 2018 17:14 Asia/Dushanbe

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар Нишасти амниятӣ дар Сочии Русия гуфт, бояд ба ҷои эътилофи ҷанг, эътилофи сулҳ ва дӯсти дар ҷаҳон ташкил шавад.  

Алии Шамхонӣ дар нуҳумин Нишасти масъулони олии амниятии панҷ қораи ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия афзуд: Амрико ба унвони бузургтарин содиркунандаи силоҳ ва муҳиммот, минтақаи Ховари Миёнаро ба анборе аз силоҳ ва борут табдил кардааст.  

Вай афзуд: Буҳронҳои ҷаҳон аз ҷумла Сурия, Яман, Либия, Афғонистон ва шибҳҷазираи Корея, ҳеҷроҳи ҳалле ҷуз гуфтугӯ надорад.

Шамхонӣ гуфт: Бояд ба ҷои эътилоф барои ҷанг, эътилоф барои сулҳ ва дӯстӣ ташкил шавад ва ба ҷои инки сармояи миллии кишварҳо сарфи рақобати таслиҳотӣ шавад, бояд дар масири рафъи фақр ва тавсеа ва рифоҳи мардум, ҳазина шавад.  

Нуҳумин Нишасти амниятии Русия бо ҳузури дабирони Шӯрои амнияти панҷ қора дар Сочӣ оғоз ба кор кард.