Апрел 26, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ваҳдати уммати исломӣ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим

Дар баёнияи поёнии сивупанҷумин давраи Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Эрон, бар тамассук ба ресмони ваҳдатофрини Қуръони Карим таъкид шуд.

Дар ин баёния бо ишора ба талоши истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнисти байналмилал барои эҷоди ихтилоф дар уммати исломӣ таъкид шудааст: Тамассук ба Қуръони Карим ва амал ба таолими он, танҳо роҳи наҷоти уммати исломӣ аст.

Ин баёния бо хитоб қарор додани нухбагони ҷаҳон ислом, таъкид кардааст: Паёми ин иҷтимои Қуръонӣ, густариши маваддат ва раҳмати исломӣ байни оҳоди уммати исломӣ аст.

Сивупанҷумин давраи Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузур ширкаткунандгони 84 кишвар аз 20 апрел дар Теҳрон оғоз ва ойини ихтитомияи он низ асри чаҳоршанбе баргузор шуд.

 

Барчасп