Солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ Акбар (а) муборак бод
(last modified Sat, 28 Apr 2018 07:54:27 GMT )
Апрел 28, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ Акбар (а) муборак бод

Имрӯз 11 шаъбони 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 28 апрели 2018 солрӯзи вилодати босаодати касест, ки шабеҳтарини мардум ба паёмбар (с) дар хилқат, ахлоқ ва гуфтор лақаб гирифтааст.  

Ҳазрати Алӣ бен Ҳусайн (Алӣ Акбар (а), фарзанди бузурги имом Ҳусайн (а)) соли 33 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина дида ба ҷаҳон гушуд.  

Эшон аз боризтарин намунаҳои камол ва усваҳои покӣ ва мардонагӣ аст, ки шуҷоат, диловарӣ, басирати динӣ ва сиёсиаш дар сафари Карбало ба вижа рӯзи Ошуро таҷалло кард.  

Ҳазрати Алӣ Акбар (а) аввалин шаҳиди Ошуро аз Банӣ Ҳошим буд ва рӯзи Ошуро пас аз шаҳодати ёрони имом, аввалин касе, ки иҷозаи майдон талабид, то ҷонро фидои дин кунад, ӯ буд.  

Ҳазрати Алӣ Акбар (а) чандин бор ба майдон рафт ва размҳои шуҷоонаои бо анбуҳи сипоҳи душман дошт ва пас аз шаҳодат, наздиктарин шаҳидест, ки бо имом Ҳусайн (а) дафн шудааст.  

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи милоди босаодати ҳазрат Алӣ бен Ҳусайн (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони хонадони исмат ва таҳорат (а) табрик ва таҳният мегӯяд.