Афзоиши беш аз 250 миллион долларии содироти мева ва сабзавоти Эрон
(last modified Sat, 28 Apr 2018 12:20:22 GMT )
Апрел 28, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши беш аз 250 миллион долларии содироти мева ва сабзавоти Эрон

Мудири кулли дафтари ҳамоҳангии содироти маҳсулоти кишоварзии Эрон ва саноати коркард гуфт, дар соли 1396 ҳиҷрии шамсӣ (аз 21март 2017 то 20 марти 2018) содироти навъҳои гуногуни мева ва сабзавоти Эрон ба арзиши 1121 миллион доллар сурат гирифтааст.

Ба гузориши Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, Маҳмуди Бозорӣ, Мудири кулли дафтари ҳамоҳангии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати коркарди Эрон афзуд, дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ, содироти навъҳои гуногуни мева ва сабзавоти Эрон ба арзиши 852 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо соли гузашта, бо афзоиши 269 миллион долларӣ рӯбарӯ будааст. Ироқ, Иморот, Афғонистон, Русия ва Қатар муҳиммтарин кишварҳои ҳадафи содироти мева ва сабзавоти Эрон дар соли гузашта буданд, ки дар ин миён Ироқ бо саҳми 47.6 дарсад бузургтарин бозори ҳадафи содироти мева ва сабзавот  будааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдулмаҳдӣ Бахшанда, муовини барномарезӣ ва умури иқтисоди Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон, пештар эълом кард, беш аз панҷ миллиону сесад ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ба арзиши ҳудуди панҷ миллиарду сад миллион доллар дар соли гузашта аз Эрон содир шудааст.

Бештарин мизони содироти бахши кишоварзии Эрон, дар соли гузашта, марбут ба зербахшҳои зироатӣ, боғӣ, чорво ва паранда будааст.