Сенарияҳои мухталифи бонкии Эрон барои хуруҷи эҳтимолии Амрико аз БАРҶОМ
(last modified Sat, 28 Apr 2018 14:10:55 GMT )
Апрел 28, 2018 19:10 Asia/Dushanbe
  • Сенарияҳои мухталифи бонкии Эрон барои хуруҷи эҳтимолии Амрико аз БАРҶОМ

Раиси кулли Бонки марказии Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон сенарияҳои мухталифи бонкиро барои хуруҷи эҳтимолии Амрико аз БАРҶОМ иттихоз кардааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико мутобиқ бо қонуни тасвиб шудаи Конгресси ин кишвар то 12 майи 2018 фурсат дорад, то дар хусуси идомаи таълиқи таҳримҳои ҳастаии Эрон тасмимгирӣ кунад, Трамп хоҳон ислоҳи БАРҶОМ буда ва ҳушдор додааст, агар ин тавофуқ тағйир накунад, Амрико аз он хориҷ мешавад.

Валиуллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи шашумин ҳамоиши тиҷории Эрон ва Аврупо дар Теҳрон, дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи равобити бонкӣ бо Аврупо, гуфт, низоми бонкии Эрон интизор дорад, давлатҳои аврупоӣ каналҳои бонкиро мутаносиб бо ҳаҷми равобити тиҷорӣ, пешбинӣ кунанд.

Сайф афзуд, Иттиҳоди Аврупо талоши бисёре барои бардоштани монеаҳо аз масири равобити бонкӣ бо Эрон доштааст ва бояд ба талошҳои худ то рафъи комили монеаҳо идома диҳад.

Раиси кулли Бонки марказии Эрон бо баён ин ки Ҷумҳурии исломӣ интизор дорад мутаносиб бо ҳаҷми амалиёти тиҷории Теҳрон ва Брюссел, канали бонкии мутмаини дуҷониба эҷод шавад, тасреҳ кард, ин кор метавонад соири бонкҳои аврупоиро ба ҳамкорӣ бо Эрон тарғиб кунад.

Шашумин ҳамоиши тиҷорӣ ва бонкии Эрон - Аврупо имрӯз(шанбе) дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то фардо (якшанбе) идома дорад.

 

Барчасп