Муваффақияти муҳаққиқони эронӣ дар ташхиси зудҳангоми алзаймер
Муҳаққиқони донишгоҳи улумпизшкии Язд (маркази Эрон) ва донишгоҳи Теҳрон муваффақ ба сохти Нано биюҳисгаре шудаанд, ки мушаххас кардани зудҳангоми алзаймер(бемории заволи ақл)ро имконпазир мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Азимзода- муҳаққиқи донишгоҳи улумпизишкии Язд дар инбора гуфт: Ин Нано биюҳисгар бо диққату суръати боло ва бо истифода аз намунаи хуни афрод, бемориро зудтар ташхис медиҳад.
Ӯ коҳиши ҳазинаи тамомшударо аз мазиятҳо(вижагӣ)-и ин Нано биюҳисгар ном бурд ва афзуд: Аз ин равиш метавон барои тамоми афроди миёнсол барои ташхиси зудҳангоми бемории алзаймер истифода кард, то пеш аз пешрафти беморӣ ва бавуҷуд омадани нишонаҳои он, иқдоми пешгирона ва пешгирӣ аз мухобироти бештар сурат гирад.
Узви ҳайъати илмии донишгоҳи улумпизишкии Язд бо ишора ба инки муъассиртарин шеваҳои пешгирӣ аз алзаймер дар марҳилаҳои аввалияи беморӣ қобили иҷрост, афзуд: Бар ин асос яке аз ройиҷтарин равишҳои ташхиси зудҳангоми бемориҳо истифода аз Нано биюҳисгарҳои электрокимиёӣ аст.
Алзаймер ройиҷтарин навъи заволи ақл аст, бо шиддат гирифтани он нишонаҳои мутанавиъе аз ихтилоли ҳофиза ва ихтилол дар корҳои рӯзона то мушкилоти шахсиятӣ барои он сабт шудааст.
Мизони ибтило будан ба ин беморӣ дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш буда ва роҳкорҳои ташхис ва дармони таъсирбахши маҳдуд ва каме барои он вуҷуд дорад.
Дар воқеъ ташхиси зудҳангом ба пешгирӣ аз пешрафти ин беморӣ кумак карда ва аз шиддат гирифтани осеб ва густарда шудани нишонаҳои он пешгирӣ мекунад.