Чаро бонуйи профессори эронӣ аз Иморот депорт шуд?
Суханони ба ҳаққи профессори эронӣ сабаби ихроҷи вай аз Имороти Муттаҳидаи Арб шуд.
Ба гузориши Спутник, ахиран достони профессор Марями Раззоқиозар дар канфранси илмӣ дар шаҳри Дубай дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст.
Доктор Марями Раззоқиозар-фавқи тахассуси ғуддаҳо ва метаболисм ба ИМА барои ширкати дар канфранси илмӣ ширкат карда буд. Дар он канфранс шахсе дар ҳангоми хондани мақолаи худ борҳо ба ҷойи ба кор бурдани Халиҷи Форс аз Халиҷи Арабӣ истифода мекард. Хонум профессор низ ҳангоме, ки барои хондани мақолаи худ ба пушти микрафон рафт унвон кард, ки номи ин халиҷ аз замонҳои гузашта Халиҷи Форс буда ва то абад низ Халиҷи Форс хоҳад буд.
Пас аз ташвиқи ширкаткунандагон барои ин ҷумлаи бонуи эронӣ, ӯ мақолаи худро хонд. пас аз он масъулини канфранс ба ӯ хурда гирифтанд, ки канфрансро сиёсӣ кардааст. Ӯ замоне, ки барои ироаи мақолаи дуюми худ руйи саҳна ҳозир шуд, унвон кард ки мо инҷо ҳама бо ҳам дуст ҳастем ва суханҳои ӯ сиёсӣ набуда, аммо дуруст будааст.
Ин суҳбати ӯ боиси хориҷ шудани баъзе аз арабҳи ҳозир дар толор ва хомуш шудани микрафони ӯ шуд. Дар поён низ пас аз воқеъаҳои зиёд пойи полиси Дубай ба миён кашида шуд ва аз ӯ дархост шуд ё дар номае бинависад ки пушаймон аст ва ё инки барои ҳамеша аз ин кишвар депорт мешавад ва ҳаққи гузар ҳатто ба унвони транзит низ аз он надорад. Ӯ низ гуфт, ки тарсе аз ин иттифоқ надорад ва худ бо пойи худ аз ин кишвар хоҳад рафт ва ҳаргиз аз он убур нахоҳад кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷа низ аз иқдоми шойистаи хонум доктор Раззоқиозар дар дифоъ аз ҳувияти миллӣ ва таърихии Халиҷи Форс дар семинари илмӣ-тахассусӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард.