Май 01, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши посдошти равобити фарҳангии Эрону Олмон дар Машҳад

Фаъолони фарҳангии Эрону Олмон дар Рӯзи миллии Халиҷи Форс бар густариши таомулоти фарҳангӣ бар мабнои иштирокот таъкид карданд.

Доктор Эҳсони Қабул, раиси бахши байналмилалии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар ин маросим, ки чанд фаъоли фарҳангӣ аз кишвари Олмон ҳузур дошт, гуфт, дипломатияи фарҳангӣ дар дастури кори роҳбурдҳои фарҳанги Донишгоҳи Фирдавсӣ аст. Доктор Қабул ба пешинаи таърихӣ ва иштирокоти фарҳангии Эрону Олмон ишора карда афзуд: “Хушбахтона, Донишгоҳи Фирдавсӣ тавонистааст бо ҳимоят ва пуштибонӣ аз иқдомоти фарҳангӣ дар соири кишварҳо ба шиносондани забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ – исломӣ кумаки шоёне кунад”.

Марям Қарагузлу, раиси Институти Ҳофиз ва Гётеи Берлин ҳам фарҳанг ва ҳунарро аз ҷумлаи муҳимтарин абзори наздикии миллатҳо дониста хотирнишон кард, ин институт бо ҳадафи наздик кардани фарҳанги ду миллат дорои собиқаи таърихии ғанӣ фаъолият мекунад. Ӯ омӯзиши забони форсӣ ба алоқамандони олмонӣ ва эҷоди шароити таҳсил дар мароҳили донишгоҳӣ дар Донишгоҳи Фирдавсӣ Машҳадро низ аз муҳимтарин фаъолиятҳои Институти Ҳофиз ва Гётеи Олмон баршумурд.

Дар поёни ин ҳамоиши якрӯза ғизоҳои бумӣ ва суннати мухталиф аз саросари Эрон дар маърази дид ва истифодаи ҳозирон қарор гирифт.