Май 03, 2018 13:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши иқтисодии Теҳрон-Арбил, фасли нави ҳамкориҳо дар даврони пасоДИИШ

Ҳамоиши фурсатҳои иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ бо ҳузури масъулони иқтисодии ду тараф ва ҳайъатҳои мухталифи иқтисодӣ дар шаҳри Арбил дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ҳамоиши фурсатҳои иқтисодии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дар Арбил шуруъ шудааст ва имрӯз панҷшанбе ба кори худ поён медиҳад. Ин ҳамоиши дурӯза талош дорад бо баррасии зарфиятҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ раванди муносибатҳои иқтисодии ду тарафро ба даврони пеш аз ДИИШ баргардонад.

Ироқ дар даврони пасо ДИИШ (пас аз ДИИШ) талош дорад бо руйкарди иқтисодӣ раванди рушд ва пешрафти худро бо ҳамкории кишварҳои минтақа ба вижа ҳамсоягон суръат бахшад. Бо барқарории суботу оромиши нисбӣ дар минтақаҳои мухталифи Ироқ дар пайи шикасти гуруҳи террористии ДИИШ фазо барои тавсеъаи муносиботи иқтисодии дуҷониба ва чандҷонибаи Ироқ фароҳам шудааст. Дар ин миён иқлими Курдистони Ироқ талош дорад бо тақвияти муносибот вазъияти иқтисодии худро, ки дар даврони ишғолгарии ДИИШ таҳти таъсир қарор гирифта буд сару сомон диҳад. Бар ҳамин асос баргузории ҳамоиш фурсатҳои иқтисодии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ маъно ва аҳамият пайдо мекунад.

Иртиботи мардумии вилоятҳои ҳаммарзи Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ ва иштирокҳои забонӣ ва қавмӣ, унсуре муҳим ва калидӣ дар раванди ру ба рушди муносиботи иқтисодии ду тараф дар даврони пасоДИИШ аст. Дар ҳамин чорчуб Ҳасани Доноифар-сафири пешини Эрон дар Бағдод рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Равобити мардум дар минтақаҳои мухталифи Ироқ бо Ҷумҳурии исломии Эрон равобите таърихӣ ва мисолзаданӣ аст аз инру баргузоркунандагони ҳамоиши фурсатҳои иқтисодии Эрон ва Курдистони Ироқ мекушанд ин равобити таърихиро дар ҳавзаи иқтисодӣ низ тавсеъа диҳанд.

Муҳимтарин вижагӣ дар равобити Эрон ва куллияти кишвари Ироқ ва аз ҷумла иқлими Курдистони ин кишвар вуҷуди равобити таърихӣ ва иштирокҳои мардумӣ аст ва ҳамин мавзӯъ дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ таъсиргузор аст.

Нигоҳи Эрон ба Ироқ, нигоҳе воҳид ва дар чорчуби ҳифзи тамомияти арзии Ироқ аст ва ончи тавсеъаи муносибатҳои Теҳрон ва Арбилро шакл медиҳад, таваҷҷуҳ ба якпорчагии Ироқ аст. Кумаки Эрон ба Арбил замоне, ки ДИИШ дар ҳоли наздик шудан ба даврвозаҳои ин шаҳар буд собит кард сиёсати Эрон ба унвони кишвари ҳамсояи Ироқ таваҷҷуҳ ба ҳифзи якпорчагии ин кишвар аст. Ҳамин руйкард дар фазои пасоДИИШ ҳам ҳоким аст ва тавсеъаи муносибатҳои иқтисодии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ дар чорчуби муносибатҳои Теҳрон-бағдод қарор дорад ва ин руйкард сиёсати дустонаи Эронро дар баробари мардуми минтақаҳои мухталифи Ироқ нишон медиҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин сиёсат ҳамоиши фурсатҳои иқтисодии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ фурсати муносибе барои тақвияти ҳамкориҳои ду тараф бо ҳадафи рушди ҳавзаи иқтисодӣ аст, то ҳамаи мардуми Ироқ аз он барҳраманд шаванд. Зарфиятҳои хубе байни Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ барои тавсеъаи равобити иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки ба коргирии ҳамаи ин зарфиятҳо ба руйкарди иқтисодии Ироқ дар даврони  пасоДИИШ кумак мекунад. Ҳузури фаоли бахши хусусии Эрон дар Курдистони Ироқ ниёзҳои иқтисодии ин минтақаро пушиш хоҳад дод ва ин сиёсат бо руйкарди иқтисодии давлати марказии Ироқ ҳамхонӣ дорад. Дар ҳамин замина Ничирвон Боризонӣ-нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ асри чаҳоршанбе дар ҳамоиши фурсатҳои иқтисодӣ дар Арбил гуфт: 135 коргоҳи эронӣ дар иқлими Курдистони Ироқ фаолият мекунанд ва сабаби эҷоди фурсатҳои шуғлӣ шудаанд.

Бидуни шубҳа баргузории ҳамоиши фурсатҳои иқтисодии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ дар шаҳри Арбил ба тавсеъаи равобити иқтисодии ин иқлим ва Эрон ва давлати марказии Ироқ кумак мекунад. Ба гуфтаи Ничирвон Боризонӣ иқлими Курдистони Ироқ дар талош барои эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ дар марзи Парвизхон буда ва лозим аст, ки иқдомоти лозим бо давлати марказии Ироқ низ анҷом шавад.

Барчасп