Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Душманон силии маҳкаме хоҳанд хӯрд
(last modified Fri, 04 May 2018 11:28:14 GMT )
Май 04, 2018 16:28 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Душманон силии маҳкаме хоҳанд хӯрд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, таъкид кард: Таҳдидоти Амрико алайҳи Эрон ва ҳамроҳии бархе режимҳои минтақа, дар Эрон тазалзуле эҷод намекунад, чаро ки агар онон вориди ҷанг шаванд, шикаст мехӯранд ва нобуд мешаванд.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо ишора ба инки ҳамакнун Амрико ба думболи ҳамроҳ кардани Аврупо, Арабистон ва режими Исроил зидди Эрон аст, афзуд: Эрони исломӣ қавӣ аст ва дар муқобила бо дунёи истикбор истодагӣ хоҳад кард.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, хитоб ба Амрико ва ҷаҳони истикбор, эълом кард: Эрон истода ва қудратманд аст ва бо таҳдидҳои хаёлии онон такон намехӯрд.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард: Ислом дар муқобили куфр истодааст ва Эрон ифтихор мекунад, ки парчами Исломро ба душ дорад.

Муваҳҳидии Кирмонӣ, таъкид кард: Амрико ва ҳампаймононаш бояд бидонанд, ки ҳар чӣ муқобили ҷабҳаи ҳақ биистанд ва таҳдид кунанд, дар муқобил сиилии маҳкаме хоҳанд хӯрд.