Май 06, 2018 08:44 Asia/Dushanbe
  • Медали нуқраи Эрон дар рақобатҳои байналмилалии куштии Қазоқистон

Ҳамидризо Бодакон намояндаи вазни 97 килограмми Эрон дар рақобатҳои байналмилалии куштии фарангии ҷавонони ҷоми «Жаксилика Ушкемпиров»-и Қазоқистон соҳиби медали нуқра шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳамидрзо Бодакон асри рӯзи шанбе барои касби медали тилло ба масофи ҳарифи қазоқистонӣ рафт, ки дар як куштии наздик ва бо натиҷаи 5 бар 4 мағлуби ҳарифи худ шуд ва ба медали нуқра расид.

Рақобатҳои байналмилалии куштии фарангии ҷавонони ҷоми «Жаксилика Ушкемпиров» аз субҳи рӯзи ҷумъа дар шаҳри Актауи кишвари Қазоқистон оғоз шуд.

 

Барчасп