Май 07, 2018 13:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби “Шӯри қанди порсӣ дар Бангладеш”

Китоби “Шӯри қанди порсӣ дар Бангладеш” дар панҷумин рӯз аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши Садо ва симои Эрон, Муҷибурраҳмон Буиён, сафири Бангладеш дар Теҳрон рӯзи якшанбе дар маросими рӯнамоӣ аз китоби «Шӯри қанди порсӣ дар Бангладеш», таълифи ин китобро иттифоқи мусбате дар ҳавзаи иртибототи адабӣ ва фарҳангии Эрон ва Бангладеш донист ва бар зарурати мушорикати бештари ду кишвар дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, таъкид кард.

Фарҳоди Дурудгариён ва Илҳоми Ҳаддодӣ, муаллифони ин китоб ва ҷамъе аз устодони Донишгоҳ Дакка ва Роҷшоҳӣ низ дар ин маросим ҳузур доштанд.

Фарҳоди Дурудгариён яке аз муаллифони ин асар гуфт, бисёре аз бузургони Бангладеш монанди Тогур, Андалеб Шоҳонӣ, Қозӣ Ислом ва Аҳмад Алҳаб дар навиштаҳо, тарҷумаҳо ва ашъори худ аз мафохир ва бузургони адаби Эрон, аз ҷумла Ҳофиз, Саъдӣ, Низомӣ, Мавлоно, Хайём ва Фирдавсӣ илҳом гирифтаанд.

31-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо шиори «на, ба китоб нахондан», аз 2 то 12 май дар Мусаллои Теҳрон доир аст.