Май 12, 2018 14:17 Asia/Dushanbe
  • “Уфуқи нав”, ҳамоише барои Фаластин

Ҳамоиши байналмилалии “Уфуқи нав” дар бораи Фаластин ва сиёсатҳои золимонаи режими саҳюнистӣ бо ҳузури шахсиятҳои барҷаста аз 22 кишвари ҷаҳон аз имрӯз (шанбе) дар шаҳри Машҳади Эрон оғоз шуд.

Дар шашумин давраи Ҳамоиши байналмилалии “Уфуқи нав”, фаъолони зидди саҳюнистӣ ва даҳҳо нафар аз шахсиятҳои сиёсӣ, донишгоҳӣ ва расонаии Эрон ширкат кардаанд.

Нодир Толибзода, дабири иҷроии конфронс шиори ин конфронсро “Қудс пойтахти ҳамешагии Фаластин” эълом кард ва афзуд: 60 шахсияти зидди саҳюнистӣ аз 22 кишвари ҷаҳон дар Машҳад гирдиҳам меоянд.

 

 

Барчасп