Май 12, 2018 17:07 Asia/Dushanbe

Шашумин конфронси байналмилалии “Уфуқи нав” дар Машҳад бо шиори  “Қудс, пойтахти ҳамешагии Фаластин” дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дар ин конфронс ҷамъи зиёде аз шахсиятҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ аз кишварҳои Амрико, Русия, Англия, Фаронса, Олмон ва дигар кишварҳо ширкат кардаанд.

Нодири Толибзода, филмсози барҷаста ва дабири ин конфронс, вижагии барҷастаи ин ҳамоишро, мавқеияти замони эъломи мавозеъ ва амалкарди Амрико дар минтақа бавижа дар сарзаминҳои ишғолӣ, донист ва гуфт,  дифоъ аз фаластиниён бидуни таваҷҷуҳ ба вобастагӣ ба адён дар дунё, дар ҳоли пайгирӣ аст.

Вай шахсиятҳои ширкаткунанда дар ин конфронси байналмилалиро шохис хонд ва ибрози умедворӣ кард, бароянди ин конфронс дар фарҳанг ва рӯйкарди фарҳангӣ ба Қудс ва фаластиниён таъсиргузор бошад.

Мусоҳибаи Нодири Толибзода дар гузориши ҳамкорамон Баротӣ: