ДИИШ масъули ҳамлаи маргбор дар Париж
Ҳамлаи фарди чоқубадаст ба мардум дар маркази Париж, пойтахти Фаронса, як кушта ва ҳашт захмӣ барҷо гузошт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин ҳамла шанбешаб дар майдони Плейс де-Лопераи Париж рӯй дод ва полиси Фаронса хиёбонҳои атрофи маҳали ҳодисаро масдуд кард.
Пулис бо тирандозӣ ба самти фарди муҳоҷим, вайро аз пой даровардааст.
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба ӯҳда гирифтааст.
Фаронса аз оғози соли 2015 то кунун бо иқдомоти террористии бесобиқае мувоҷеҳ шудааст.
Дар ҳамлаҳои террористии 13 ноябри 2015 Париж, ва чаҳордаҳи июли 2016 шаҳри Ниси Фаронса, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онҳоро бар уҳда гирифт, беш аз 210 нафар кушта шуданд.
Пас аз ин ҳамалаҳои террористӣ, дар саросари Фаронса ҳолати фавқулодда эълом шуд ва то кунун идома дорад.