Содир намудани ҳукми эъдом барои омилҳои ҳамлаҳои террористӣ дар Теҳрон
(last modified 2018-05-13T08:01:30+00:00 )
Май 13, 2018 13:01 Asia/Dushanbe
  • Содир намудани ҳукми эъдом барои омилҳои ҳамлаҳои террористӣ дар Теҳрон

Раиси додгоҳҳои Инқилоби исломии Теҳрон аз содир кардани ҳукми эъдом барои ҳашт террористи диишӣ ва омили ҳамлаҳои июни 2017 ба Маҷлиси Шурои исломии Эрон ва Ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ(раҳ) дар Теҳрон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, дар ин ҳамлаҳои 17 нафар шаҳид ва шуморе низ захмӣ шуданд.

Раиси додгоҳҳои Инқилоби исломии Теҳрон имрӯз (якшанбе) гуфт:Муҳокимаи омилҳои террористии ҳамла ба Маҷлиси Шурои исломии Эрон ва Ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ(раҳ) дар ҳафт ҷаласа баргузор шуд, ки ҳашт нафар ба иттиҳоми муовинат дар Афсод Фил-Арз ба эъдом маҳкум шуданд.

Мусо Ғазанфарободӣ афзуд: Ин ҳукм ба муттаҳамон ё вакилони қонунии онҳо эълом мешавад ва онҳо 20 рӯз аз эъломи ҳукм фурсати эътироз доранд.