Ихтироъкорони эронӣ, 10 медал аз мусобиқаҳои Малайзия бадаст оварданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34058-Ихтироъкорони_эронӣ_10_медал_аз_мусобиқаҳои_Малайзия_бадаст_оварданд
Ихтироъкорон ва мубтакирони навҷавон ва ҷавони эронӣ дар намоишгоҳ ва мусобиқаҳои байналмиллалии ихтироъҳои Малайзия, муваффақ ба касби 10 медал ва се ҷойизаи вижа шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 13, 2018 09:48 Asia/Dushanbe
  • Ихтироъкорони эронӣ, 10 медал аз мусобиқаҳои Малайзия бадаст оварданд

Ихтироъкорон ва мубтакирони навҷавон ва ҷавони эронӣ дар намоишгоҳ ва мусобиқаҳои байналмиллалии ихтироъҳои Малайзия, муваффақ ба касби 10 медал ва се ҷойизаи вижа шуданд.

Ба нақл аз ИРНО, гуруҳи ихтироъкорони навҷавон ва ҷавони эронӣб дар бисту нуҳумин давраи намоишгоҳ ва мусобиқаҳои байналмиллалии ихтироъҳои Малайзия ду медали тилло, ду медали нуқра, шаш медали бронз ва се ҷойиза вижа ба даст оварданд.

Ихтироъкорони эронӣ дар ин намоишгоҳ дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла худраву нақлиёт, электрисита ва электроник, муҳити зист , василаҳои хонагӣ ва маҳсулоти муроқибат аз инсон, ихтироъҳои худро пешниҳод карданд.

Бисту нуҳумин давраи намоишгоҳ ва мусобиқаҳои байналмиллалии ихтироъҳои Малайзия дар рӯзҳои 10 то 12-уми май бо ҳузури ҳазор нафар аз ихтироъкорони ҷавон аз 23 кишвар дар заминаҳои мухталифи илмӣ ва фаннӣ дар Куала Лампор баргузор шуд.