Май 15, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши миллии

Ҳамоиши байналмилалии "Шоҳнома ва таълиму тарбият" 14-уми май дар Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад кори худро оғоз кард. Ин ҳамоиши илмӣ бо тиловати Қуръони маҷид ва хайрумақадами доктор Саробӣ, мудири кулли Идораи фарҳанг ва иршоди исломии Хуросони Разавӣ оғоз, сипас паёми раёсати Маҷлиси Шӯрои Исломӣ қироат шуд.

Доктор Ҷаъфари Ёҳақӣ, дабири илмии ҳамоиш гузорише аз мақолоти ворида ба дабирхона ва баррасии мавзӯоти аслии ин ҳамоиш ироа кард. Дар идома ба ироаи мақола ва суханрониҳо таҳти сарпарастии доктор Маҳдӯхти Холиқии Чатрудӣ пардохта шуд. Маҳмуди Мудаббирӣ, устоди Донишгоҳи шаҳид Боҳунари Кирмон, доктор Фарзоди Қоимӣ, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва доктор Аҳмад Шафиқи Расулиён, устоди донишгоҳи Ҳироти Афғонистон дар ин ҳамоиш суханронӣ карданд.

Дар мақолоти ворида ба ҳамоиш бархе аз вижагиҳои “Шоҳнома”, бавижа мавзӯоти муҳими тарбиятӣ ва ахлоқӣ дар ин асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар поёни ҳамоиш низ паёми вазири омӯзишу парвариши Эрон қироат шуд ва бо иҷрои шоҳномахонӣ нахустин рӯз аз ҳамоиши миллии "Шоҳнома ва таълиму тарбият" хотима ёфт. Имрӯз, 15-уми май ҳамоиш бо суханронӣ ва шоҳномахонӣ дар оромгоҳи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ идома хоҳад ёфт.