Май 18, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Эрон ҷиноятҳои режими саҳюнистиро маҳкум карданд

Дар аввалин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон, роҳпаймоии саросарии мардуми Эрон барои маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин баргузор шуд.

Қишрҳои мухталифи мардуми Эрони исломӣ рӯзи ҷумъа дар дувумин рӯз аз моҳи мубораки рамазон, пас аз баргузории маросими намози ҷумъа бо роҳпаймоӣ дар хиёбонҳо ва сар додани шиорҳои “марг бар Амрико” ва “марг бар Исроил”, ҷиноятҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳоро дар рӯзи накбат ва низ интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддасро маҳкум карданд.

Роҳпаймоён ҳамчунин ба сукути созмонҳои байналмилалӣ ва бархе давлатҳои арабӣ дар баробари ҷиноятҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ эътироз карданд.

Дар Туркия низ имрӯз роҳпаймоии зиддисаҳюнистӣ баргузор шуд.

Мардуми дигар манотиқи ҷаҳон низ рӯзҳои гузашта дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ки дар рӯзи 14 май, рӯзи накбат, даҳҳо фаластиниро ба шаҳодат расонданд, роҳпаймоии эътирозомез баргузор ва аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин ҷинояти ошкор интиқод карданд.

Мардуми борикаи Ғазза рӯзи душанбе 14 май дар эътироз ба ифтитоҳи сафорати Амрико дар Қудси ишғолӣ ва низ ба муносибати солрӯзи ихроҷи фаластиниён аз сарзаминҳои худ тазоҳурот карданд, ки дар ин тазоҳурот беш аз 60 фаластинӣ ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист шаҳид ва ҳудуди се ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

 

 

Барчасп