Май 19, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Ҳеҷ коре бо хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ маътал нашудааст

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон аз таъкиди ҳайати аврупоӣ барои тасриъ дар ҳамкориҳо бо Эрон хабар дод ва гуфт, кор бо аврупоиҳо дар хусуси идомаи БАРҶОМ пеш меравад ва ҳеҷ коре ба хотири хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, маътал нашудааст.

Ба гузориши ИРНА, Беҳрӯзи Камолвандӣ рӯзи шанбе дар ҳошияи музокироти ҳайати аврупоӣ ба раёсати Комиссияи энержии Иттиҳоди Аврупо бо ҳайати ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба саволе дар бораи иқдомоти Созмони энержии атомии Эрон дар вокуниш ба хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, гуфт, агар битавонем ба механизме бирасем, ки бидуни Амрико, БАРҶОМ идома пайдо кунад, метавонем ба ҳамкориҳоямон бо тарафҳои дигари тавофуқи ҳастаии Эрон идома диҳем.

Камолвандӣ дар хусуси ҳамкории тарафҳои аврупоии БАРҶОМ, хотирнишон кард, дар ҳоли ҳозир аврупоиҳо ҳаддиақал ирода бар ҳифзи БАРҶОМ ва идомаи ҳамкорӣ доранд, аммо инки ин ирода барои боқӣ мондани Эрон дар БАРҶОМ кофӣ бошад, ба замон ниёз дорад.

Камолвандӣ бо баёни ин ки Амрико ба лиҳози эътибори байналмилалӣ дар вазъияти баде қарор дорад, гуфт, музокироти имрӯзи ҳайати ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо аврупоиҳо созанда буд ва Эрон ба гуфтугӯҳои худ бо тарафи аслии Аврупо, Чин ва Русия идома медиҳад.

Беҳрӯзи Камолвандӣ дар посух ба ин савол, ки агар музокироти Эрон бо аврупоиҳо барои идомаи иҷрои БАРҶОМ муваффақ набошад ва тасмим ба хурӯҷ аз БАРҶОМ гирифта шавад, оё аврупоиҳо ҳамроҳ бо Амрико алайҳи Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ва ё якҷонба иқдом ба таҳрими Эрон хоҳанд кард, гуфт, Созмони энержии атомии Эрон барои ҳама шароит омодааст ва зарфияти бозгашт ба шароити қабл ва ҳатто ҷилватр аз он низ вуҷуд дорад.

Камолвандӣ дар идома дар ин бора, ки дар сурати хурӯҷи Эрон аз БАРҶОМ, раванди таомул ва ҳамкории Эрон ва ожонс дар чӣ сатҳе хоҳад буд, афзуд, агар БАРҶОМ-е дар кор набошад, тааҳҳудоти БАРҶОМ-ӣ ва протаколи илҳоқӣ, мунтафӣ мешавад ва танҳо таомул бо ожонс дар сатҳи подмони ҷомеъ мемонад, ки ҳамаи аъзои ожонс дар ин сатҳ ҳастанд.

 

Барчасп