Май 19, 2018 19:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Авруосиё мувофиқатномаи тиҷоратии аввалия имзо карданд

Мувофиқатномаи тиҷоратии аввалияи Эрон бо кишварҳои узи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба имзо расид.

Ба гузориши ИРНА, Тигран Саргсян, раиси ҳайати Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар маросими имзои ин мувофиқатнома гуфт, феҳрасти колоҳои шомили тахфифи аворизи гумрукӣ барои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомили бархе маводи ғизоӣ, монанди гӯшт ва бархе анвои шаклотҳо, таҷҳизоти электрониӣ ва механикӣ аст ва Эрон ҳам мазоёи таърифаиро барои маҳсулоти ғизоӣ, шомили сабзиҷот ва меваҳо, меваҳои хушк ва маводи сохтумонӣ дарёфт хоҳад кард.

Бар асоси ин тавофуқ, дар мавриди колоҳои санъатӣ, нархи аворизи воридот барои Эрон ба таври мутавассит ҳафт дарсад ва барои кишварҳои иттиҳодия 3.5 дарсад коҳиш меёбад.

Ҳамчунин нархи аворизи воридот барои колоҳои кишоварзии Эрон, 19 дарсад ва барои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё панҷ дарсад коҳиш меёбад.

Дар тавофуқи таърифаи тиҷорати аввалия байни кишварҳо, ки маъмулан бо коҳиши таърифаи воридот ва ҳуқуқи гумрукӣ ҳамроҳ аст, теъдоде аз колоҳои муҳимм ва аслӣ аз коҳиш ва ё тахфифи аворизи гумрукӣ бархӯрдор мешаванд.

Ин иқдом мӯҷиб мешавад, коло бо қимати муносибатр ба бозори ҳадаф арза шавад ва қудрати рақобатпазирии он, афзоиш ёбад.

 

Барчасп