Май 20, 2018 09:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни пирӯзии футболи Эрон дар бозӣ бо Узбакистон  

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб дар дидоре тадорукотӣ баробари тими Узбакистон ба бартарӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охирин бозии дӯстонааш дар Эрон пеш аз эъзом ба Ҷоми ҷаҳонии Русия дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон ба масофи Узбакистон рафт.

Ин бозӣ бо натиҷаи як бар сифр ба суди Эрон ба поён расид.

Тимур Кападзе сармураббии тими Узбакистон пас аз ин бозӣ бо тамҷид аз амалкарди шогирдони Карлос Кейруш сармураббии тими футболи Эрон, аз тими миллии Эрон ба унвони тими хуб ва тактикапазир ном бурд.

 Ҷоми ҷаҳонии 2018 аз чаҳордаҳуми июн то понздаҳуми июл дар Русия баргузор хоҳад шуд.

Тими милли Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, бо Испания, Португалия ва Мағриб ҳамгурӯҳ аст.

 

Барчасп